Таъсиси ду стипендияи нав дар ДДОТ
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Соли 2013 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ду стипендия-яке ба номи Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарӣ ба номи профессор М.Нуъмонов таъсис ёфт, ки шурӯъ аз оғози соли 2014 толибилмони аълохон ба даст хоҳанд гирифт. Муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ, профессор Бобоҷон Самиев дар нишати матбуотӣ 16 январ гуфт, дар ин давра шумораи стипендияҳои Президентӣ афзуд, ки далели ин раванд беҳтар шудани сатҳи сифати таълим мебошад. Бояд гуфт, ки соли 2012 дар гурӯҳҳои низоми кредитии таҳсилот ҳамагӣ 6 нафар сессияро бо баҳои аъло ҷамъбаст карданд ва дар сессияи тобистонаи соли 2013 бошад, ин теъдод ба 137 нафар расид. Яъне, бо итминон метавон гуфт, ки 22 маротиба сатҳи донишазхудкунии муҳассилин беҳтар гардидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






