Теъдоди нашри китоб меафзояд
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбеков зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли сипаригардида муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанг дар маҷмӯъ 256 номгӯй китобро бо теъдоди 227 ҳазору 150 нусха ба табъ расониданд. Маблағи умумии китобҳои нашршуда 2 миллиону 274 ҳазору 118 ва маблағи фурӯши онҳо 1 млн. 55 ҳазору 498 сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби маблағҳои хазинаи захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 номгӯй китобро бо теъдоди 89 ҳазор нусха ба табъ расонд, ки маблағи умумиаш 1 млн 27 ҳазору 414 сомониро ташкил дод.«Нашриёт» 346 номгӯй китобро бо шумораи 13 ҳазору 438 нусха ба маблағи 200 ҳазору 51 сомонӣ ба марказҳои фарҳангию китобхонаҳои шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ба таври ройгон ирсол намуд. Дар айни замон дар анбори нашриёт 469 номгӯи китоб бо шумораи 356 ҳазору 624 нусха маҳфуз аст, ки маблағи умумиаш 4 млн. 301 ҳазору 247 сомониро ташкил медиҳад.Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар соли гузашта 4000 нусха китобро бо арзиши 75 ҳазор сомонӣ ба китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, сафоратхонаҳо, марказҳои фарҳангии тоҷикон дар хориҷи кишвар ба таври ройгон таҳвил намуда, 3019 нусха китобро ба маблағи 112 ҳазору 986,65 сомонӣ ба фурӯш расонид. Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» дар соли 2013 дар маҷмӯъ 157 номгӯй бо теъдоди 87 ҳазору 900 нусха ва бо маблағи умумӣ 300 ҳазору 379 сомонӣ китоб нашр намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






