Тирпарронӣ дар сарҳади Қирғизистону Чин
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Назар ба хабари Агентии иттилоотии Қирғизистон, сарҳадбонони вилояти Иссиқкули Қирғизистон ду ҷасади ифротгароёни Ноҳияи мухтори Синҷону Уйғурро, ки сарҳади давлатиро убур карда буданд, пайдо намуданд. Мувофиқи маълумоти агентӣ, 23 январ қариб 20 нафар дар қитъаи «Оқ — Ширак» — и ноҳияи Ҷети Оғуз сарҳади давлатиро убур карданд. Хабар дода мешавад, ки сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон онҳоро пайдо намуда, дар ҷараёни тирпарронӣ ду нафар силоҳбадастон ҳалок гардиданд.Алҳол таъқиби ин гуруҳи мусаллаҳ идома ёфта, ба ёрии сарҳадбонон гуруҳи махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон фиристода шудааст. Тавре ки Агентии иттилоотии Қирғизистон хабар медиҳад, дар ҷараёни оташфишоние, ки 23 январ дар сарҳади Чин рух дод, роҳбари ҷамъияти шикорчиёни вилояти Иссиқкӯл Александр Барикин ҳалок гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






