Тоҷикистон ба кадрҳои илмӣ ниёз дорад

Январь 31, 2014 15:17

 Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова). – Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарону масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд. Дар ҷаласа танҳо як масъала- «Дар бораи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми  маблағгузории  «Барномаи  тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
       Ҳадафи асосии барномаи мазкур-таҳия ва иҷрои маҷмўи чорабиниҳо доир ба такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ, муҳокимаи ҳаматарафаи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми  маблағгузории  «Барномаи  тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015»  мебошад. 
   Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда  изҳор дошт, ки олимону муҳаққиқон  бояд ба чунин масъалаҳои бунёдӣ, аз қабили таъмини саноати коркарди маъданҳои кўҳӣ бо ашёи хом, дарёфт ва коркарди нафт, гази табиӣ, конҳои ангишт, захираҳои энергетикӣ, дарёфти сарчашмаҳои ғайрианъанавии энергия, зиёд кардани ҳаҷм ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи технологияи нави нигоҳдорӣ ва коркарди ин маҳсулот, бунёди захираҳои об, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ  машғул шаванд. 
Иҷрои «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» асосан дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти олӣ ва вазоратҳо ба анҷом расонида мешавад, ки онҳо бевосита ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ вобаста шудаанд. Аз ҷумла, Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ вобаста шудаанд.
Мутобиқи нақшаи дурнамои барнома, дар ҷумҳурӣ аз рӯи 
 
286 ихтисос мутахассис тайёр мешавад, аммо дар тамоми шӯроҳои диссертатсионии кишвар, танҳо аз рӯи 45-50 ихтисос ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ба роҳ монда шудааст ва ин сабаб гардидааст, ки имрӯз дар ихтисосҳои зиёд мо наметавонем устодони унвони илмидор дошта бошем. Имрўз дар самтҳои техникиву технологӣ ва ихтисосҳое, ки тибқи талаботи замони муосир самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ки рушди инноватсиониро интихоб намудаанд, бо иллати набудани шӯроҳои дифои рисолаҳо қариб ягон таҳқиқоти илмӣ бурда намешавад.
Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илм, музди меҳнат ва стипендия ҳар сол дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мешавад.
Барои иҷрои «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷети давлатӣ барои соҳаи илм пешбинӣ мегарданд, амалӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар давоми солҳои 2009-2012, барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ 1,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла, дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 572 ҳазор сомонӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. сомонӣ ва дар соҳаи илмҳои тиббӣ 105 ҳазор сомонӣ равона шудааст.
           Ҳамчунин Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов, вакилон Нурулло Оқилов, Низом Қосим ва дигарон барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи тайёр намудани кадрҳои илмӣ пешниҳодҳои ҷолиб карданд.      Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи масъалаи баррасишаванда қарори дахлдор қабул гардид.
 
 

Январь 31, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад