Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобӣ иштирок мекунад
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»).- Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки теъдоди иштироккунандагони мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Осиё дар соли 2019 – ро зиёд намояд. Сар аз мусобиқоти ояндаи қитъавӣ дар марҳалаи ниҳоии он на 16 даста, балки 24 даста иштирок мекунад. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи кумитаи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Осиё, ки дар Уммон таҳти раёсати президенти Ассосиатсияи футболи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Юсуф ал — Серкал баргузор гардид, чунин қарор қабул шуд. Хотирнишон месозем, ки дастаи Тоҷикистон аз ин пеш ягон маротиба дар бахши ниҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Осиё иштирок накарда буд. Дастаи миллии кишвар маротибаи охир дар даври интихобии мусобиқоти дастаҳои мунтахаби Осиё 11 сол муқаддам — соли 2003 иштирок иштирок дошт. Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё ҳамчунин тасмим гирифт, ки мақоми аъзои ассотсиатсияҳо дар асоси қувваозмоии дастаҳои мунтахаб ва клубҳо тайи чор соли охир дар мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё муайян карда шавад. Ҳамаи қарорҳои кумитаи мусобиқот бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё имзо ва тасдиқ гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






