Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии футзал 7 зина боло шуд
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Тоҷикистон дар рӯйхати байналмилалии дастаҳои футболи хурд (футзал) 7 зина боло баромада, дар ҷои 54 қарор дорад.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, мунтахаби дастаи футболбозони хурди кишвар бо гирифтани 956 хол дар рейтинги ИДМ дар зинаи 10-ум, баъд аз кишварҳои Литва, Молдова,Туркманистон, Арманистон ва Эстония қарор дорад.Дар зинаи аввал дастаи мунтахаби Испания бо гирифтани 1975 хол қарор дорад. Дар зинаи дуюму сеюм ва даҳгонаи баъдӣ дастаҳои футзали Бразилия (1946), Италия (1757), Русия (1725), Португалия (1616), Эрон (1589), Аргентина (1586), Украина (1468),. Парагвай (1407), Япония (1396), Руминия (1377), Колумбия (1372), Тайиланд (1349), Озарбойҷон (1349), Словения (1339), Хорватия (1336), Чехия (1328), Сербия (1300), Гватемала (1255) ва Ӯзбекистон (1248 ) ҷойгиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






