Тоҷикистон то соли 2015 ба пахши рақамӣ мегузарад

Январь 20, 2014 15:19

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- Мутобиқи созишнома гузаштан ба пахши рақамӣ бояд то моҳи июни соли 2015 анҷом ёбад. Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ Сайдалӣ Сиддиқов зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО дар ин бора изҳор дошт. Татбиқи лоиҳаи гузаштан ба пахши рақамӣ иборат аз шаш марҳала мебошад. Дар марҳалаи аввал пахши рақамӣ шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои наздик ба пойтахтро фаро мегирад.Дар марҳалаҳои минбаъда усули пахши рақамӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон роҳандозӣ мешавад. Хотирнишон месозем, ки 16 июни соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 119 давлати ҷаҳон Созишномаи минтақавии «Женева – 2006» — ро имзо карда буд. 

Январь 20, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд