“Тоҷикстандарт” 297 тонна ордро ғайристандартӣ донист

Январь 20, 2014 10:34

Душанбе, 20 январ. (АМИТ “Ховар”, Муқаддас Кушакова). — Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифат дар давоми соли 2013 аз тарафи нозирони назорати давлатии “Тоҷикстандарт” дар корхонаву нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ 6 ҳазору 107 санҷиш гузаронида шуда, дар 2 ҳазору 26 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 974 ҳолат амрияи манъи фурўш ба тасвиб расонида шуд. Дар ин бора 20 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод. Вай афзуд, ки дар озмоишгоҳҳои ташхиси маводи ғизоии Агентии “Тоҷикстандарт” дар давоми соли 2013 дар натиҷаи ташхис 3 тонна маҳсулоти гўштӣ, 221 тонна равғани растанӣ, 5 тонна маҳсулоти макаронӣ, 297 тонна орд, 1400 дал нўшокиҳои спиртӣ, 20000 дал нўшокиҳои ғайриспиртӣ, 68 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 225 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 62,4 тонна иловагиҳои хўрокӣ, 1,04 тонна маҳсулоти ширӣ, 20 тонна консерва, 97 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо номгўй маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотии дигар ғайристандартӣ дониста шуданд. Ба иттилои Б. Шукуров тибқи тартиби муайяншуда як миқдор аз маҳсулоти мазкур аз нав коркард ва қисми дигари он бо иштироки намояндагони мақомоти марбута, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма нобуд шуданд.

Январь 20, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд