«Тоҷикстандарт» мубориза алайҳи маҳсулоти пастсифатро қавӣ мекунад
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии «Тоҷикстандарт» доир гашт, ки дар натиҷаҳои фаъолияти ин Агентӣ дар соли 2013 баррасӣ гашта, вазифаҳо барои соли 2014 муайян шуданд.
Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров дар ин ҷаласа изҳор дошт, ки диққати асосӣ, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот, ба рақобат тобовар будани маҳсулоти ватанӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат, тарбияи фаросату маданиятнокӣ дар ниҳоди соҳибкорон, риояи қоидаҳои савдо, боз доштани фурўши молҳои хатарнок, оқилона ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, ташкили назорати давлатӣ дар доираи қонун, ба низом даровардани фаъолияти соҳибкорон ва ба ин монанд проблемаҳои ҷойдошта равона карда шавад.
Дар фароварди суханаш Бахтиёр Шукуров таъкид намуд, ки дар фаъолияти минбаъда тамоми мақсаду маромро дар асоси нуктаву супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри ҳимояи бозори истеъмолии мадум тадбирҳои мушаххас андешидан зарур аст ва хулоса намуд, ки – мо аз ўҳдаи ин вазифа дар мавриде баромада метавонем, ки халқу Ватани худро самимона дўст дошта, садоқатмандиамонро бо азму талоши созанда, ташаббускорию эҳсоси масъулият барои пешрафту ободии кишвар ва фароҳам овардани шароити алоқаи зич ба мардум зоҳир намоем. Зеро ҳадафи асоситарини мо таъмин кардани рушди устувории иқтисодии Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии халқамон мебошад.
Баъди шунидани маърўзаи ҳисоботӣ намояндаи шўъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Бобокалонов ба фаъолияти солонаи мақомот назари некбинона намуд. Мавсуф дар баромадаш ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии сифат, ривоҷи ҳамкориҳои хориҷии Агентӣ ва дигар масоили марбути соҳа, ки аз иқдомҳои навбатии Тоҷикстандарт дар татбиқи амру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шудаанд, изҳори андеша намуда ба масъулин маслиҳат ва тавсияҳои мушаххас дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






