«Тоҷикстандарт» озмоишгоҳҳои ташхисиро аз нав барқарор кард
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология,сертификатсия ва нозироти савдо Бахтиёр Шукуров гуфт, ки самти амалӣ намудани назорати давлатӣ ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот васеъ гашта, дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Данғара марказҳои ташхисии минтақавӣ таъсис шуданд. То ба ин давра 20 адад озмоишгоҳи ташхиси молу маҳсулот дар Агентии “Тоҷикстандарт” ва марказҳои зертобеъ таъсис ва ба истифода дода шуданд. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳои агентӣ, бахусус, озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии “Тоҷикстандарт” ва марказҳои вилоятии “Тоҷикстандарт” дар Суғду Хатлон ба талаботи стандарти байналмиллалӣ мутобиқ дониста шуданд. Бо назардошти ин, дар соли 2012 се озмоишгоҳи ташхисии “Тоҷикстандарт” (Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа) аз тарафи ташкилоти олмонии «DаkKS» ва Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар миқёси Осиёи Миёна ягона мақомоти салоҳиятдор оид ба аккредитатсияи озмоишгоҳҳо мебошад ва аз тарафи Ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ваколат гирифтааст, аккредитатсия шуда, ваколати байналмилалиро соҳиб гашт. Ин озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона озмоишгоҳҳое ба шумор мераванд, ки ваколати мазкурро соҳиб гаштаанд. Умуман, тайи ду соли охир дар озмоишгоҳҳои ташхисӣ 23 усули нави ташхиси молу махсулот ҷорӣ карда шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






