Тозагӣ ҳам маданият аст
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Ибодзода Хайрулло, ки роҳбарии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, ки соли сипаригардида бо мақсади ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва соҳили дарёву каналҳо амалиёти умумиҷумҳуриявии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аз рӯи маълумот дар амалиёти мазкур бештар аз 184 ҳазор нафар сокинони маҳал, донишҷӯён ва кормандони ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд. Дар натиҷа бештар аз 1 ҳазору 152 километр соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обанборҳо, ҷӯйборҳо ва манбаъҳои дигари обӣ тоза гардида, зиёда аз 7 ҳазору 370 метри мукааб партовҳои гуногун ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд. Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳамаи 41 шабакаи давлатии обуҳавосанҷии баландкӯҳ бо маводи ғизоӣ, либосҳои махсус, ангишт ва сӯзишвории дизелӣ таъмин шуд. Барои аз фасли зимистон солим баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон гузаронидани корҳои биотехникӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






