Вазъи имрӯзу фардои шабакаи обрасонӣ
Хоруғ, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Гуруҳи кории муштарак бо сарварии муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Ҷумъа Ҷумъаев ва масъулини Корхонаи фаръии обу ташноб бо мақсади шиносоӣ бо вазъи феълии захираи об дар обанбори маҳаллаи Хуфак аз ин маҳал боздиди корӣ ба амал оварданд. Камбуди боришоти тирамоҳу зимистони имсол боис шудаст, ки захираи об дар обанбори ин мавзеъ ба маротиб поин фуромада, боиси мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳр шудааст. Яке аз дигар иллати камбуди об ин фарсуда шудани қубурҳои обрасонӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир бо сабаби камбуди захираи об дар ин обанбор реҷаи интиқоли об барои сокинони маҳаллаи Хуфак то Бозори марказӣ ҷорӣ шудааст. Бар асоси таҳлилҳои Корхонаи фаръии обу ташноб миқдори захираи об дар обанбори мазкур дар як шабонарӯз на камтар аз 960 метри мукаабро ташкил медихад. Боришоти ками имсола боис шудааст, ки оби чашмаи маҳаллаи Хуфак, ки манбаи асосии захираи оби ин обанборро ташкил медиҳад, ба маротиб кам шавад. Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бунёди хатти обгузар аз маҳаллаи Боғеви ноҳияи Шуғнон ва Тусёни ноҳияи Роштқалъа идома дорад. Барои ин иншоот бештар аз 4 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ бо амалӣ гаштани ин барнома мушкилоти таъмини сокинони шаҳр бо оби нӯшокӣ аз миён бардошта хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки обанбори маҳаллаи Хуфак дар соли 1948-уми асри гузашта сохта шуда ва миқдори обанборҳо барои нигаҳдошти захираи об бо назардошти аҳолии он давра пешбинӣ шуда буд. Дар он давра дар шаҳри Хоруғ ҳамагӣ 7 ҳазор нафар сукунат дошт. Ҳоло ин рақам аз 30 ҳазор убур кардааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






