Вазорату идораҳо бо бунгоҳҳои автоматии алоқа таъмин мешаванд

Январь 9, 2014 13:10

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Дар Вазорати нақлиёти кишвар як бунгоҳи автоматии алоқа ба ҳайси лоиҳаи таҷрибавӣ насб гардидааст. «Бунгоҳи мазкур, ки моҳи декабри соли гузашта насб гардида буд, 480 рақами дохилию умумишаҳриро дар бар мегирад», — гуфт зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сардори раёсати иттилооти «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров.Мувофиқи суханони номбурда, насби бунгоҳи автоматии алоқа ба коҳиш ёфтани хароҷоти истифода ва хидматрасонии он, аз ҷумла ба кам шудани хароҷоти неруи барқ, кабел ва таҷҳизоти дигар мусоидат мекунад. «Мо минбаъд дар хамаи бинои нави муассисаҳои давлатӣ чунин бунгоҳҳоро насб мекунем», — гуфт Алибек Бекназаров.

Январь 9, 2014 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш