Зарари 20 ҳазор сомонии набера
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Сафарбеки 7-сола ба бобои 85- солааш 20 ҳазор сомонӣ зарар овардааст.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ҳангоми оташбозӣ кардани Сафарбек Гурезов дар назди каҳдони бобояш Неъмат Гурезови 85- солаи сокини шаҳри Норак дар масоҳати 60 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа болопӯши коҳдон ва 600 кг алафи хушк сӯхта нобуд шудааст. Гуфта мешавад, ки сабаби сӯхтор оташбозии набераи ноболиғи соҳибхона мебошад. Зарари расонидашуда 20000-сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






