Ғалабаи «Равшан»

Февраль 3, 2014 13:33

Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-  Қаҳрамони  дукаратаи Тоҷикистон оид ба  футбол  дастаи  «Равшан» — и  шаҳри  Кӯлоб 2  феврал дар  шаҳри  Турсунзода бар  дастаи «Ал – Ярмук» — и  Яман  бо  ҳисоби 2  бар  1  ғалаба  карда,  ба  марҳалаи  гуруҳии   мусобиқот  барои  дарёфти  Ҷоми  Конфедератсияи  футболи  Осиё  роҳхат  пайдо  намуда,  бо  клубҳои  футболи  Урдун,  Уммон,  ва  Лубнон  қувваозмоӣ  менамояд. 
 
Тӯбҳоро  ба дарвозаи  ҳариф  Нӯъмон  Ҳакимов ва Соломона  Течи  ворид  намуданд. 
 
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд, дар вохӯрии  дигар   барои  дарёфти  Ҷоми  Конфедератсияи  футболи  Осиё  дастаи «Олой» — и  шаҳри  Ӯши  Қирғизистон  дар  майдони  ҳариф  бар   дастаи «Ал – Даҳрия»  — и  Фаластин  ғалаба  кард. 

Февраль 3, 2014 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш