Қаллоб дастгир шуд
Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати хадамоти бехатарии Вазорати корҳои дохилӣ сокини шаҳри Душанбе Хайринисо Муҳаммадиеваро бо гумонбари қаллобӣ дастгир намуданд.
Назар ба хабари намояндаи ВКД ҶТ, номбурда моҳи майи соли 2012 худро ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи тиббӣ бо Абувосеъ Шарифов шинос карда, бо ваъдаи расонидани ёрӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳ аз номбурда 16 ҳазор доллари ИМА – ро гирифта ва онро то ҳол барнагардондааст.
Ғайр аз ин Хайринисо Муҳаммадиева бо ин усул аз Давлаталӣ Каримов, Саломат Саъдуллоева, Х. Муҳаммадиева бо баҳонаи дохил намудани онҳо ба донишгоҳ маблағҳои зиёде ситонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






