«Қанд»- макони дилхушӣ?
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар тарабхонаҳо ва дискоклубҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Фараҳноз”, “Шаҳрисабз”, ”Яккачинор”, “Русский двор”, “Зуҳро”, “Вохӯрӣ”, “Сафаралӣ Ико”, “Бешаи палангон”, “Сапеда», “Қанд” ва ғайра чорабиниҳои муштараки фаврию пешгирикунанда гузарониданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, дар тарабхонаҳои мазкур аз ҷониби кормандони агентӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои сӯйистеъмоли маводи мухаддир, аз ҷумла навъи синтетикии он сӯҳбатҳо ташкил шуданд.
Ҳангоми вохӯриҳо ба иштирокчиён маълумот дар бораи зарари маводи нашъаовари навъи синтетикӣ, пешгирии ҳолатҳои истеъмоли маводи нашъаовар дар чунин марказҳо, ошкор намудани мизоҷони дар ҳолати мастӣ буда ва расонидани ёрии аввали тиббӣ дар ҳолати заҳролудшавӣ аз истеъмоли маводи нашъаовар пешниҳод шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






