12 санади огоҳӣ ба муассисаҳои хизматрасонии ноҳияи И.Сомонӣ
Душанбе, 05.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2013, 23 маркази хизматрасонии ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди санҷиш қарор додаст, ки нисбат ба онҳо 12 санади огоҳкунанда тартиб дода шуд,- гуфт Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба ВАО.
Ба иттилои мавсуф, гурӯҳи корӣ дар иртибот бо лавҳаву овезаҳо ва номгузории муассисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи И. Сомонӣ вазъи иҷрои Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон»-ро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур. қисми мустақили 3-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаи маориф мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар айни замон дар асоси тавсияҳои гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 муассисаи хизматрасонӣ бо забони тоҷикӣ баргардонида шуд, афзуд раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар нишаст бо хабарнигорон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






