Ҳамкории СҲИР бо Агентии мубориза бо коррупсия

Февраль 17, 2014 10:40

 Душанбе, 17.02.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 17 то 19-уми феврали соли 2014 аз ҷониби гурўҳи экспертии байналмилалии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мониторинги Тоҷикистон оид ба ҳолати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад. 
    Тибқи барнома, гурӯҳи экспертии шабакаи мазкур тафтиши ҳолати иҷрои тавсияҳои СҲИР аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи даври сеюми мониторинг оид ба 17 тавсияро баррасӣ менамояд.  

Февраль 17, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш