Ҳамлаи гургон ба одамон дар деҳоти дурдаст

Февраль 3, 2014 16:00

Хоруғ, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Сокинони яке аз деҳаҳои дурдасти Бачори ноҳияи Шуғнон аз ҳамлаи ногаҳонии галаи гургон шабу рӯз дар ҳарос мебошанд. Чанд ҳафта пеш гургон танҳо шабона ба чорвои сокинони ҳамла мекарданд, аммо ҳоло рӯзона  дар кӯчаҳои деҳа бо гургон дучор омадан мумкин аст.   Байгмамад Саркориев  , омӯзгори ин деҳа гуфт, ки гургон ҳатто ба чанд нафар аз хонандагон низ ҳамла кардаанд, аммо, хушбахтона, мардуми деҳа зуд огоҳ шуда, онҳоро наҷот доданд. Ба гуфтаи ин манбаъ  дар тӯли ин муддат  беш аз 230 сар  моли майда ва 25 сар чорвои  шохдори калон   талаф ёфтааст. 
      Чорвои хонагӣ як манбаи аслии рӯзгузаронии деҳотиён ба шумор меравад, ки дар зиндагӣ ва рӯзгорашон таъсири молию равонӣ дорад. Солҳои қаблӣ дар деҳоти дурдаст шикорчиён, ки ҳуҷҷати расмӣ доштанд, саршумори гургонро коҳиш медоданд. 
 
 

Февраль 3, 2014 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд