Ҷаласаи муштараки намояндагони расмии Тоҷикистону Қирғизистон

Февраль 15, 2014 11:59

Душанбе, 15.02.2014 (АМИТ (Ховар), Фарзонаи Давлат).-Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки ҳайати намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.
Дар вохўрӣ ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии ноиби нахуствазир Тоқон Мамитов  иштирок намуданд.
Дар даври навбатии музокироти дуҷониба масоили иҷрои амалии мувофиқаҳои зимни  мулоқоти 30-31-уми январи соли равон дар шаҳри Бишкек ҳосил гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо аз ҷумла  масъалаи истифодаи роҳҳо ва  заминҳои минтақаҳои наздимарзӣ ва масоили марбут ба мушкилоти гузаргоҳҳои сарҳадиро мавриди  муҳокима  қарор доданд. 
Дар робита ба дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мазкур пешниҳодоти мушахасси ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Қирғизистон манзур гардонида шуданд. Ҷониби Қирғизистон таъкид кард, ки мавқеи хешро нисбат ба масъалаҳои матраҳшуда бо роҳҳои дипломатӣ дар наздиктарин мўҳлат ба ҷониби Тоҷикистон ирсол хоҳад кард.          
   Ҳардуҷониб ба мувофиқа расиданд, ки даври навбатии вохўрии ҳайатҳои ҳукумати ду давлатро ибтидои моҳи март дар шаҳри  Душанбе доир менамоянд.
 
 

Февраль 15, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш