Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Хоруғ, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар толори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо ибтикори масъулини Раёсати Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҷумҳурӣ бо намояндагони сокинони маҳаллахои шаҳри Хоруғ мулоқот баргузор шуд. Дар мулоқот ҳамчунин аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд. Ба гуфтаи масъулини раёсати Агентии назорати маводи мухаддир танҳо соли гузашта 12 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуда, 55 кг 349 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид.
Намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ доир ба мушкилоти нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва роҳҳои коҳиш додани он фикрҳои судманд баён доштанд. Аксарияти иштирокдорон гуфтанд, ки омодаанд барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин аъмоли зишт ба мақомоти қудратию амниятӣ кумак расонанд.
Мувофиқи маълумоти Маркази наркологии вилоят дар 10 соли охир 212 нафар беморони нашъаманд бо сабаби аз меъёр зиёд истеъмол намудани маводи нашъадор ҷони худро аз даст доданд. Дар айни ҳол дар маркази наркологии ВМКБ 84 нафар табобатро аз тариқи доруи ҷойивазкунандаи методон давом медиҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






