Ҷамъомад дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Февраль 21, 2014 15:05

 
 
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати  маводи нашъаовари  назди  Президенти  ҶТ ба  манзури татбиқи «Стратегияи  миллӣ  оид ба   мубориза бо  гардиши ғайриқонунии  маводи  нашъаовар барои солҳои  2013 —  2020»  дар  арафаи  иди  Рӯзи  ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи  тарбияи  ҷисмонии  ба номи  С.Раҳимов вохӯрданд.
 Назар ба  хабари  маркази  матбуоти  Агентии назорати  маводи нашъаовар,  дар  ҷамъомад, ки дар  он  беш  аз  500  нафар  иштирок доштанд,   кормандони  Агентӣ ба  ҳозиронро бо вазъи  маводи  нашъаовар  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва минтақаи Осиёи  Марказӣ муаррифӣ  карданд.
 Дар  хотима   роҳбарияти  донишкада аз  намояндагони  Агентӣ  хоҳиш  намуд, ки барои  роҳандозии  мусобиқаҳои  варзишӣ  байни  донишкадаҳои  олии  пойтахт  кӯмак кунанд.
 
 
 

Февраль 21, 2014 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид