Ҷинояти коррупсионӣ дар қонунгузории замин
Душанбе, 8.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-«Дар самти назорати риояи қонунгузории замин соли сипаригардида 2 ҳазору 300 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуд. Аз рӯи 587 ҷиноят, ки аз он 103-тоаш ҷинояти коррупсионӣ буд, парванда боз шуда, 402 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд»,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина.
Прокурор ҳамчунин зикр кард, ки зиёда аз 12 ҳазору 700 муроҷиати шаҳрвандон бевосита аз ҷониби мақомоти Прокуратура баррасӣ гардида, наздики 2 ҳазори он асоснок дониста шуда, талаботи шаҳрвандон қонеъ ва ҳуқуқи поймолшудаи онҳо барқарор карда шуд. Барои баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳоро таъмин накардан 610 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳкорони ашаддии масъалаи мазкур 41 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






