А.Лоринҷонӣ: Тоҷикистон шарики асосии Эрон дар ОМ

Февраль 17, 2014 10:50

 
           Душанбе, 17.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон доктор Алии Лоринҷонӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии ҷумҳурӣ,   Тоҷикистонро яке аз шарикони асосии иқтисодии  кишвараш дар Осиёи Марказӣ унвон намуда, гуфтааст, ки Эрон хостори тавсеаи ҳарчи  бештари муносибот бо Тоҷикистон дар арсаҳои мухталиф аст.
    Мулоқоти  раисони парлумонҳои Тоҷикистону Эрон, ки имрӯз дар Теҳрон баргузор гардид, фарогири масоили марбут ба тақвияти равобити байнипарлумонӣ ва соири масъалаҳои таваҷҷуҳи назар буд. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият дошта, мо имкон дорем, ки дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкории судманд дошта бошем.
Парлумони Тоҷикистон барои тавсеаи равобити ҳасана миёни Тоҷикистону Эрон саҳми худро гузошта,  талош дорад, ки тамоми асосҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад, иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров. Мавсуф афзуд, ки  то имрӯз дар ин самт санадҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки равобити муштаракулманофеи ду давлатро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ба танзим медароранд. 
     Мо,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- итминони комил дорем, ки бо ҷаҳду талошҳои роҳбари давлати Тоҷикистон ва дастгирии шумо равобити самарабахши ду кишвар тадриҷан ба омили муҳимтарини ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат менамоянд. Зикр шуд, ки ҳанӯз дар равобити ду кишвар имконоти истифоданашуда вуҷуд доранд ва бояд  ин зарфиятҳо ба таври зарурӣ истифода гарданд, то барои тавсеаи ҳар чӣ бештари ду кишвар дар бахшҳои мухталиф мусоидат намоянд. 
Алии Лорниҷонӣ -раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ, назири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони Конфронси Исломӣ (ОИК) ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи Душанбеву Теҳрон арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки истифодаи таҷрибаи якдигар,  дар заминаи таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ барои парлумонҳои ҳарду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим аст.

Февраль 17, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд