Ахбори олам дар чанд сатр
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Як мошини бомбгузорӣ шуда дар наздикии консулгарии Ирон дар Пешовар, шимолу ғарбии Покистон мунфаҷир шуд, ки дар натиҷа ду нафар посбони ин консулгарӣ ҳалок ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.
**************************
Уилям Ҳейг, вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ҳангоми суханронӣ дар назди аъзои парлумони кишвараш гуфтааст, ки ният дорад рӯзҳои наздик аз Украина дидан кунад.
***************************
Собиқ сарвазири Украина Юлия Тимошенко бо даъвати нахуствазири Олмон барои табобат ба беморхонаи Charite-и Берлин хоҳад рафт.
***************************
Роналдинё, собиқ ҳамлагари маъруфи дастаи мунтахаби Бразилия, ки ҳоло 33 сол дорад, гуфтааст, баъди аз майдони футбол рафтанаш даст ба мусиқӣ хоҳад зад.
********************************
Ба навиштаи сомонаи рӯзномаи «Ал- Аҳром»-и Қоҳира ҳукумати Миср бо роҳбарии сарвазири ин кишвар Ҳозим Боблавӣ ба истеъфо рафтааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






