Ахбори олам дар чанд сатр
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия дар як маросими бошукуҳ ба варзишгарони кишвараш, ки дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочи соҳиби медал шуданд, нишонҳои давлатӣ тақдим намуд. Мавриди зикр аст, ки Русия бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 9 биринҷӣ дар садри ҷадвали ин олимпиада қарор гирифт. *************************************Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Украина Арсен Аваков гуфтааст, Виктор Янукович, Президенти собиқи ин кишвар барои даст доштан дар қатли ғайринизомиён гунаҳкор ва мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. ************************************* Бар асоси тарҳи нави таъмини молии неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумораи сарбозони ин кишвар то 440 ҳазор нафар коҳиш дода мешавад. ************************************Александр Турчинев, роҳбари муваққати Украина иброз доштааст, ки робитаҳои Русияву Украина бояд бар асоси эҳтироми мутақобил сурат гирифта, Кремл ҳаракати Украина ба сӯйи Иттиҳоди Аврупоро қабул кунад.************************************ Имрӯз дар Ҷумҳурии Эстония 96-умин солгарди истиқлоли ин кишвар бошукуҳ таҷлил мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






