Бадахшон — дарвозаи тиллоии Тоҷикистон
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 27 феврал дар Душанбе симпозиуми «Рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъият ва дурнамо» оғоз гардид. Имрӯз дар симпозиуми мазкур масъулини ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, коршиносон, намояндаҳои вазорату бонкҳо, донишгоҳҳо ва Воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Оид ба «Проблемаҳо ва дурнамои рушди ноҳияҳои ВМКБ” мудири шуъбаи дастгоҳи раиси вилоят — коршиноси мустақил оид ба мушкилоти кӯҳистон Ҳақназар Имомназар сухан гуфт. Таърихан ВМКБ танҳо дар замони Шӯравй имкони рушди бештар дошт, аммо боз ҳам ба иллати баъзе сабабҳо, азбаски роҳбарони он давра вилоятро чун минтақаи бе дурнамо ва мушкил барои рушд арзёбй мекарданд, масъалаҳои инкишофи пояи иқтисодии он (инфрасохтор) ба замонҳои номаълум ҳавола шуда буд.
Хушбахтона, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои намунавии хеш беасосу бепоя будани чунин ақидаро исбот менамояд. Мисоли равшани он сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма, сохтмони неругоҳи барқи обии «Помир -1» ва даҳҳо лоиҳаҳои дигар мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба он ки вилоят аз тарафи Президенти кишвар ба таври асоснок «дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» унвон гирифтааст, роҳбарони вилоят кӯшиш менамоянд, ки бо ҷалби сармоягузорону соҳибкорон сохтмони фурудгоҳи байналмилалиро дар ин минтақа амалӣ намоянд.
Симпозиум пагоҳ кори худро идома медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






