«Барқи тоҷик» : «Маҷрои об зиёд гардад, реҷаи барқ лағв мешавад»
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти ҶСКХ «Барқи тоҷик», ба ҳамаи сохторҳои муассисаи мазкур супориш дода шудааст, ки барои қабули қарор аз рӯи масъалаи дар рӯзҳои аввали моҳи март аз байн бурдани реҷаи истифодаи неруи барқ дар минтақаҳо бо назардошти пешгӯии вазъи обу ҳаво имконияту захираҳояшонро баррасӣ намоянд.
Алҳол ҳар шабонарӯз маҷрои дарёи Вахш дар ҳудуди обанбори Норак ва ҳаҷми об барои тавлиди неруи барқ чен карда мешавад.
«Якҷоя бо мутахассисони ҳавошиносӣ дар водию доманаҳои кӯҳсор корҳои муштарак баҷо оварда мешаванд. Ба мутахассисон дастур дода шудааст, ки ҳаҷми истифодаи дохилӣ дар шароити муайяни обу ҳаворо арзёбӣ намоянд. Баъди таҳлили муфассал дар мавриди реҷаи барқ тасмим гирифта мешавад», — қайд намуд манбаъ.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, алҳол тавлиди шабонарӯзии неруи барқ дар кишвар 40 миллион киловатт — соатро ташкил медиҳад, ҳол он ки барои пурра аз байн бурдани реҷа бояд ҳар шабонарӯз 50 миллион киловатт — соат нерӯи барқ тавлид шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






