Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия
Душанбе, 3.02.2014 (НИАТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 31-уми январ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ПСС иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба ҷамъбасти муколамаи «Русия -Тоҷикистон», ки дар доираи ҷаласаи XII Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мубодилаи афкор намуданд.
Бино ба суханони Ш.Саид Тоҷикистон барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи гидроэнергетика, сохтмони роҳҳо, алоқа, ҳамчунин истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок ҳавасманд аст.
Дар навбати худ И. Лякин-Фролов зикр намуд, ки ҷониби Русия самтҳои ҳамкориро ба соҳаҳои гидроэнергетика, инфрастрактураи нақлиётӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, биноҳои истиқоматӣ, инчунин маориф афзалиятнок медонад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






