Баррасии масоили ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар вохӯрӣ бо Хуан Мендез
Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендезро ба ҳузур пазируфт.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов оид ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт гуфт, ки: «Моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳидаи 143 эзоҳ, илова карда шуд, ки дар он мафҳуми «шиканҷа» ба талаботи меъёри моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқат менамояд.Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷаро нисбат ба иштирокчиёни мурофиа манъ намуда, далелҳои бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашударо беэътибор эълон менамояд».Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2012 «Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013-2016» тасдиқ гардид. Барномаи мазкур бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», ки барои ташкили низоми ҳимояи шоҳидон, аз ҷумла, ҷабрдидагони шиканҷа равона гардидааст, қабул гардид. Мақсади барнома амалӣ гардонидани чораҳои ҳифзи давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад.Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтааст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ чун яке аз унсурҳои асосии таъмини ҳуқуқи инсон»-ро барпо намояд.Дар идомаи вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов иброз намуд, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ аз болои фаъолияти кормандон назорати мунтазами пурзӯр ва санҷиши иҷрои фармону дастурамалҳо, риояи қонуният ва интизом ба роҳ монда шудааст.Дар натиҷа дар соли 2013 сатҳи қонунвайронкунӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 33% паст гардид.Маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез изҳор дошт, ки: «Ман мушоҳида кардам, ки баъд аз ду соли вохӯрии мо як силсила дигаргуниҳо дар самти андешидани чораҳо ва пешгирии шиканҷа дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст ва ман боварӣ дорам, ин чорабиниҳо бо ташаббуси бевоситаи Шумо роҳандозӣ гардидаанд». Хуан Мендез зимни суханронӣ вобаста ба мафҳуми шиканҷа ва тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин намуди ҷиноят чӣ гуна ҷазо пешбинӣ гардидааст, мароқ зоҳир намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






