Баррасии мушкилоти «Истиқлол» дар Теҳрон
Душанбе, 17.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масъалаи бартараф намудани мушкилоте, ки дар анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон ҷой дорад, дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш-доктор Алии Лоринҷонӣ-раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар Теҳрон матраҳ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки бартарафсозии мушкилоти вобаста ба анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» ба таҳкими муносибати созандаи ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ин Шукурҷон Зуҳуров аз ҳамтои эрониаш хоҳиш намуд, ки нисбат ба ҳалли ин масъала мусоидат намояд. Дар ин росто доктор Алии Лориҷонӣ ба ниҳодҳои масъули Эрон ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти мазкур дастур додааст.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон, бахусус ҷалби сармоядорони эронӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Раиси Парлумони Эрон сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Эрон дар бахшҳои мухталиф самарабахш ва муҳим арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






