Баррасии равобити Душанбею Анқара дар Теҳрон
Душанбе, 19.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Тақвияти равобити байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Душанбеву Анқара дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Ҷемил Чичек -раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия қарор дошт. Дар мулоқот, ки дар Теҳрон доир гардид, раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иброз дошт, ки равобити ҳасанаи Тоҷикистону Туркия дар тӯли солҳои охир дар соҳаҳои мухталиф беш аз пеш густариш меёбад ва умед аст, ки дар ояндаи наздик он ба сатҳи олӣ бароварда шавад. Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров ба таҳкими равобити парлумонӣ байни Тоҷикистону Туркия дахл намуда, гуфт, ки мо ҷонибдори густариши ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Парлумони Туркия ҳастем.
Мусоҳибон ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба тавсеаи равобити ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноату сохтмон, коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва соири масъалаҳои таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод кард, ки теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Туркия, хусусан дар бахши тахассусҳои техникӣ афзоиш дода шавад.
Ҷемил Чечек -раиси Парлумони Туркия аз сатҳи муносиботи парлумони кишвараш бо парлумони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф аз пешниҳодоти раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки ҳадафашон таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Душанбеву Анқара аст, истиқбол намуда, гуфт, ки мо таклифҳои ироашударо дар сатҳи давлату ҳукумати Туркия баррасӣ намуда, барои татбиқи онҳо иқдом хоҳем кард. Дар мулоқот ҳамзамон авзои сиёсии минтақа, хусусан Афғонистон матраҳ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






