Блаттер ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Президенти Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер, ки 24-уми марти соли равон бо сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад, бозии “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанберо тамошо хоҳад кард.
Тавре ки дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ин дидор 25-уми марти соли равон барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки Блаттер дар доираи ин сафар ҳамчунин ба соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон оғоз мебахшад. Маросими бошукуҳи оғози соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон 25-уми март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ ҷашнвораи футбол барои кӯдакон аз рӯи барномаи “Grassroots” доир мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






