Боздиди ҳайати ПСС ҶТ аз намоишгоҳи «AGROEURASIA 2014»

Февраль 11, 2014 11:53

Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо дастгирии молиявии лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» — и Барномаи рушди СММ ва мусоидати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Қудратулло Олимов аз Намоишгоҳи 8 – уми байналмилалии кишоварзӣ ва механиконӣ ва Намоишгоҳи 4 – уми чорводорӣ, таҷҳизот, хоҷагидорӣ ва механиконии мурғпарварӣ ва саноати шири «AGROEURASIA 2014» боздид намуд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо ба манзури роҳандозии равобит ва дарёфти мушорикони нав, ташкили корхонаҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба бо ҳамтоёни хориҷӣ иштирок намуданд.Қудратулло Олимов дар ҳошияи намоишгоҳҳо бо директори Ширкати консалтингии Осиёи Марказӣ, президенти Анҷумани молдиҳандагон ва саноатчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбари лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» — и Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон ва намояндагони ширкати «Vercenzi and Gibertini» мулоқотҳо анҷом дод. Қудратулло Олимов ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Палатаи савдо ва саноати Қирғизистонро барои омӯзишу имзо пешниҳод кард.

Февраль 11, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш