Боздошти сармутахассиси Кумитаи андоз бо пора
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Аз ҷониби мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар ҷинояти коррупсионӣ сармутахассиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Касиров дастгир шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, охири соли гузашта зимни гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии андоз дар фаъолияти яке аз ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд, ки гузаронидани ин санҷиш ба уҳдаи сармутахассиси Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Касиров гузошта шуда буд, охирин аз ин вазъияти мусоид сӯйистифода карда, барои дар санади санҷишӣ кам нишон додани маблағи ҷарима, дар фаъолияти ин ҷамъият, ки андозсупорандаи фаъол ба шумор меравад, аз роҳбари он маблағи 10000 доллари ИМА ба сифати пора талаб намуда, 5000 доллари ИМА-и онро гирифтааст.
Сипас, ҳангоми муроҷиати сармуҳосиби ҷамъияти мазкур ба Ҳ. Касиров оид ба гирифтани санади санҷишӣ, ӯ аз маблағи 10000 доллари ИМА-и қаблан талабнамудааш, боқимонда 5000 доллари ИМА-и онро низ аз вай талаб карда, барои дар санаи 14 феврали соли 2014 оварда додани он шарт гузоштааст.
14 феврали соли 2014 тахминан соати 18:50 зимни гузаронидани амалиёти тафтишотӣ-фаврӣ Ҳ. Касиров баъди гирифтани маблағи боқимонда дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе дастгир шуда, 5000 доллари ИМА ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳ. Касиров бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне аз ҷониби шахси мансабдор бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора барои иҷрои амали муайян ба манфиати порадиҳанда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






