Бунёди мактаби нав дар Фурӯзоба
Муъминобод, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар». С. Холов).- Ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Назаров дар ноҳия беморхонаи марказӣ барои 210 кат, бинои маъмурии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 3 адад бунгоҳи тиббӣ, корхонаи мевахушккунӣ ва дигар корхонаҳои хурди саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар айни ҳол сохтмони 35 иншооти дигар босуръат идома дорад.
Бо сарпарастии назорати Хадамоти техникии ноҳия сохтмони мактаб барои 200 нафар хонанда дар деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати деҳоти Боғгайӣ аз тарафи ҶДММ «Хуҷаи нур» идома дошта, он дар нимаи дуюми соли 2014 – ум мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар айни ҳол 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, маблағи умумии он 790 ҳазор сомониро дар бар мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






