Чаро шаҳрвандон ҷиддияти ҷазоро сарфи назар мекунанд?

Февраль 1, 2014 09:16

Душанбе, 1.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди кӯчаи Авестои пойтахт мошини тамғаи ВАЗ 21011, таҳти идораи шаҳрванд Раҳимов Маҳмад Бозорович, соли таваллудаш 1964, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ боздошт гардида, аз дохили баки сӯзишворӣ якчанд бастаи селофании скотчпеч бо маводи сиёҳи бӯи махсусдоштаи монанд ба афюн ва маводи ҷигарранги бӯи махсусдоштаи монанд ба чарс дарёфт ва мусодира гардид.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи идомаи чорабинии мазкур шарики Маҳмад Раҳимов Ҷумъаев Додоҷон Ҷӯрабоевич, соли таваллудаш 1977, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, пештар бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир суд шудааст, дастгир гардид.
Мувофиқи нишондоди боздоштшудагон онҳо  маводи мухаддирро аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи ҳоҷӣ Маҳмад дастрас намуда, дар хонаи шаҳрванд Назаров Ҷӯрабек Ҳайдаршоевич, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ҷамоати Сайроби ноҳияи Ҳамадонй пинҳон карданд. Сипас Маҳмад Раҳимов уҳдадор шуд, ки маводи мухаддирро аз Ҷӯрабек Назаров қабул намуда, ба вилояти Суғд интиқол диҳад.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалиёти мазкур аз дастгиршудагон Маҳмад Раҳимов, Додоҷон Ҷумъаев ва Ҷӯрабек Назаров дар маҷмӯъ 18 килою 500 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 9 килограмму 480 грамм чарс ва 9 килограмму 20 грамм афюн мусодира гардид. Дар айни замон нисбат ба ашхоси мазкур бо дастрасии моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси Ҷиноятии ҶТ паравандаи ҷиноӣ оғоз  шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
 

Февраль 1, 2014 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд