Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар шаҳру навоҳии кишвар
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Аз Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони агентии мазкур тасмим гирифтанд, ки фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.Бо ин мақсад кормандони агентӣ аз 5 то 7 — уми феврали соли ҷорӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳри Турсунзодаро мавриди санҷиш қарор доданд ва бо иштироки кормандони агентӣ ҷаласаи Шӯрои шаҳри Турсунзода доир шуд. Аз тарафи кормандони агентӣ дар бораи моҳияти Шӯрои шаҳрии ҳамоҳангсозӣ дар пешгирии нашъамандӣ ва оид ба вазъи марбут ба нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Дар интиҳои ҷаласаи мазкур нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳри Турсунзода барои соли 2014 тасдиқ гардид. Дар шаҳри Турсунзода инчунин ҳолати таъминот ва дастрасии аҳолии минтақа ба маводи дорувории нашъадору психотропӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Баҳри пешгирии қочоқи прекурсорҳо ба қаламрави кишвар дар Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Турсунзода барои кормандони нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукии “Дӯстӣ”, “Пахтаобод”, “Шаҳринав”, Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи тоҷик” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар масъалаҳои назорати прекурсорҳо баррасӣ шуда, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ тарзи истифодаи ҷомадони ташхисии фаврӣ намоиш дода шуд. Доир кардани чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






