Дар Тоҷикистон 65 нафар ба ҳукми якумра маҳкум шудаанд
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- «Дар соли сипаригардида 18 ҳазору 336 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 1 ҳазору 743 ҷиноят ва ё 10,5 фоиз назар ба соли қаблӣ ва 6 ҳазор ва ё 47,8 фоиз назар ба чор соли пеш афзудааст»,-изҳори нигаронӣ намуд имрӯз дар нишасти матбуотӣ Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Прокурор ҳамчунин зикр кард, ки нисбат ба 146 нафар аъзои ташкилоти террористию экстремистӣ 68 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор дода шуда, 46 парванда нисбат ба 92 нафар ба судҳо ирсол гардидааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ дар соли гузашта зиёда аз 708 кг маводи нашъаовар мусодира шуд. Дар мавриди ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он 567 ҳолат ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби мақомоти прокуратура оид ба ҳодисаҳои ба худкушӣ расонидан 52 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 45 парванда ба суд фиристода шуд. Бояд зикр кард, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 37 ҳолат кам мебошад.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон Салимзода Шерхони Одина иттилоъ дод, ки аз 3 ҳазору 297 нафари дар кофтуков қарордошта 1 ҳазору 333 нафар алҳол дасгир шудааст.
Тибқи иттилоъ, дар Тоҷикистон 65 нафар бо ҳукми якумра аз озодӣ маҳрум гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






