Даргузашти донишманди бузург
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Субҳи имрӯз донишманди бузург, адабиётшинос, шарқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ, профессор Худойназар Асозода дар синни 73 дунёро падруд гуфт.
Бино ба иттилои Мӯсо Асозода, бародари марҳум Худойназар Асозода бар асари гирифтории бемории қалб аз дунё даргузашт.
Дар маросими видоъ бо Худойназар Асозода олимону донишмандон, наздикон ва шогирдон дар манзили ин адабиётшиноси маъруф гирд омаданд. Адои намози ҷаноза дар масҷиди Сариосиёи пойтахт баргузор гардид.
Ёдрас мешавем, ки профессор Худойназар Асозода 25- уми декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва ДДТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Колхозобод, лаборанти калони кафедраи забонии тоҷикии ДДТ, аспиранти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷики ДДТ, тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ фаъолиятро дар донишгоҳи мазкур идома додааст. Докторанти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд.
Инчунин дар вазифаҳои муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Тоҷикистон (1992-93), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (1993-96) , декани факултаи филологияи ДДМТ (1996-99), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ (2005-2008) фаъолият намуда буд.
Солҳои охир Асозода профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буда, дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи мазкур фаъолият мекард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






