Даргузашти роҳбари ҷамъияти «Нур»

Февраль 3, 2014 09:02

Душанбе, 3.02.2014 c (АМИТ «Ховар», М. Зунунова).-Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки шаби 2 феврали соли равон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав роҳбари ҷамъияти «Нур»- яке аз марказҳои маъруфи фарҳангии тоҷикон дар Русия, олим ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек аз олам даргузашт. Сафорат аз марги нобаҳангоми Боғшоҳи Лашкарбек сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонаводаи муътабари эшон, дӯстону наздикон ва аъзои ҷамъияте, ки марҳум солиёни дароз сарварии онро бар уҳда дошт, изҳори ҳамдардӣ менамояд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дирӯз, 2 феврал масъулини сафоратро гирд оварда, аз ин хабари пурғам изҳори таассуф намуд. Сафири Тоҷикистон дастур дод, ки масъулини сафорат бо хонаводаи олими шинохтаи тоҷик ва шахсияти баргузидаи фарҳангии тоҷикон дар Русия Боғшоҳи Лашкарбек дар тамоси доимӣ бошанд ва дар масоили ташкили маросими видоъ, ҳамчунин дар мувофиқа бо аҳли хонаводаи марҳум ҷиҳати интиқоли ҷасади ин шахсияти саршиноси ҷомиаи тоҷикистониёни Русия ба Ватан кумак расонанд. Интизор меравад, ки маросими видоъ рӯзҳои наздик дар Маскав баргузор гардад. Муҳаммади .Эгамзод, намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ин маврид гуфт: «Устод Боғшоҳи Лашкарбекро 16-сол аст, ки хуб мешинохтам. Равоншод ҳамчун олими адабиётшиноси тоҷик, сарвари яке аз ҷомиаҳои тоҷикистониҳои Русия дар фазои фарҳангии миллатҳои муқими Русия, аз ҷумла ҳамватанони мо ҳузури чашмгир доштанд. Эшон ҳамчун сипаҳсолори фарҳанги миллии тоҷикон дар хоки кишвари русӣ ҳамеша дар такопӯ буд, ки насли феълии ҳамватанони мо, ки аксар ҷавонону наврасонанд, аз решаҳои асли хеш, ки дар куҳистони Ватан ҷой доранд, ба дуриҳо наяфтанд, решапайвандие дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки доимо маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мекарданд, кишвари азиз ва фарҳангу адабиёти қадимии мардуми моро муаррифӣ менамуданд. Марги ин фарзанди баруманди миллат талафоти гаронест барои тоҷикистониҳои муқими Русия».

Февраль 3, 2014 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад