Дастгир шудани шаҳрванди ҶИА бо маводи мухаддир
Душанбе, 25.02. 2014. (АМИТ «Ховар»).-Тайи рӯзҳои охир аз ҷониби кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар якчанд минтақаи ҷумҳурӣ чор нафар бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон сокини шаҳри Қурғонтеппа Тоҷимурод Ҳайдаров, соли таваллудаш 1991 бо 7 килою 760 грамм маводи нашъадори ҳашиш дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсии сокини ноҳияи Рӯдакӣ Саидаслам Тоҷиддинов, соли таваллудаш 1976, аз ӯ 270 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд. Ҳангоми бурдани чораҳои фаврии иловагӣ муайян гардид, ки дастгиршуда маводи мазкурро аз як сокини дигари ҳамин ноҳия Эмомалӣ Мухаков, соли таваллудаш 1952 харидааст.
Ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ дар ноҳияи Ишкошим шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Улфатшо валади Салим, соли таваллудаш 1986 дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 605 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Аз рӯи далелҳои мазкур бо моддаи 200 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






