Дастури Қ. Расулзода оид ба рушди варзиш
Душанбе, 22.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шўрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шўрои мазкур аз моҳи ноябри соли 2011, масоили маблағгузории соҳаи варзиш дар Тоҷикистон, ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ, омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар солҳои 2014-2016, ҳамчунин тайёрӣ ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкван-до (ИТФ) байни наврасон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба масоили рушди варзиш таваҷҷўҳи рўзафзун зоҳир намуда, барои варзишгарон давра ба давра шароити зарурии машқу тамрин фароҳам оварда мешавад. Вобаста ба ин, аъзои Шўро ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор гардиданд, ки иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат баён гардидаанд, саривақт таъмин намоянд.
Қоҳир Расулзода оид ба оммавӣ гардонидани варзиш дар миёни ҷомеа, таъмиру таҷдид ва бунёди иншооти замонавии варзишӣ, тайёрӣ ва иштироки варзишгарон дар Бозиҳои 31-уми олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (соли 2016), Бозиҳои 2-юми олимпӣ байни наврасон дар Нанкин (соли 2014) ва Бозиҳои варзиши Осиё дар Инчхон (соли 2014) ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин барои иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2014 ва оммавӣ гардонидани ин намуди варзиш, Барномаи рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва дар сатҳи баланди омодагиҳо гузаронидани Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкван-до (ИТФ) байни наврасон, ки чунин чорабинии варзишии сатҳи баланд бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дастуру супоришҳо дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






