Даъват ба садоқат ба Ватан

Февраль 24, 2014 14:26

 
Хуҷанд, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Раиси ноҳияи Ғончӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо донишҷӯён-хатмкунандагон ва онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд. Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректори донишгоҳ гуфт, ки  имрӯз дар шуъбаи рӯзонаи факултетҳои мухталифи донишгоҳи мо 591 нафар донишҷӯ аз ноҳияи Ғончӣ таҳсил мекунад. 
Дар шуъбаи ғоибона 320 нафар ба таълим фаро гирифта шудааст. Яъне,  дар маҷмӯъ имрӯз аз ноҳияи Ғончӣ 911 нафар донишҷӯ ба илмомӯзӣ машғул аст. 
Бояд гуфт, ки тибқи квотаи президентӣ 45 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз миқдори умумии донишҷӯён, 28 нафар дар хобгоҳҳои донишгоҳ бо шароити хуби иҷтимоӣ зиндагӣ доранд. Соли равон 75 нафар донишҷӯи ин ноҳия аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд. 
Исмоилзода Зуфар Муртазохон донишҷӯёнро ба дӯст доштани давлату миллат, Ватан, сарзамин, хизмат ва садоқат ба он даъват намуд. 
 
 

Февраль 24, 2014 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд