Диққат: Сари чамбарак духтар аст
Хоруғ, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бошгоҳи варзишӣ-техникии Ташкилоти ҷамъиятии мамадгори мудофиаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва хоҷагии халқ саҳми босазо дорад. Дар бошгоҳи варзишӣ-техникии ин ташкилот зиёда аз 210 наврасу ҷавон касбҳои мухталиф меомӯзанд. Дар ташкилоти номбурда маҳфилҳои гуногун, аз қабили тирпарронӣ, шоҳмот, шашка, гурзбардорӣ, дастхобонӣ ва ронандагӣ гузаронида мешаванд. Дар ташкилот ба дарси ронандагӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар ташкилоти мазкур на фақат писарбачаҳо, балки дар ҳар як гурӯҳ 8 нафарӣ духтарон низ касби ронандагӣ меомӯзанд. Омӯзгори пуртаҷрибаи таълими истеҳсолии бошгоҳ Сипинёр Алиёров дар бораи нозукиҳои касби ронандагӣ гуфт: «Ман имрӯз рафтору одоби намунавии ҷавонон, бахусус духтаронро мебинаму бисёр хушҳол мегардам, на танҳо хислати онҳо сазовори тавсиф аст, балки донишу зеҳни онҳо арзандаи таҳсин аст. Солхои пеш аз шиштани зану духтар дар сар рул ҳарос доштем. Ҳоло бараъкс, вақте мошинро зан меронад, хушҳол мешавем. Ба гуфтаи С Алиёров ронанда шахсест, ки бо тақдири худ ва дигар шахсон сарукор дорад. Нафарест, ки вақти зиёди хешро дар роҳ пушти сар менамояд. Пас агар имрӯз хондани ӯ танҳо аз рӯи ҳавову ҳавас бошад, ӯ танҳо барои худнамоӣ пушти чамбарак нишинад, орзуи ӯ орзуи ҳақиқӣ нест.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






