Дидори «Равшан» бо «Сувайк» дар Ҷоми АФК
Душанбе, 07.02.2014 (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар дидори нахустинаш дар бозии гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 бо тими «Сувайк»-и Уммон рақобат мекунад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст, дастаи «Сувайк» дар даври аввали плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АФК дар майдони худ аз тими «Ал-Қудсия»-и Кувайт бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд ва акнун дастаи «Сувайк» дар даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 бо дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон мубориза мекунад.
Гуфта мешавад, ки бозиҳои гурӯҳи «А» рӯзи 25-уми феврал дар варзишгоҳи «Сиб Стэдиум»-и Масқат баргузор мешаванд. Дар даври дуввум «Равшан» дар майдони худ 11-уми март бо «Сафо»-и Лубнон вохӯрда, дидори сеюмаш низ дар хона 18-уми март бо тими «Зат Рас»-и Урдун барпо мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






