Донишҷӯёни англисзабон- шунавандагони озоди забони форсӣ

Февраль 14, 2014 14:32

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба муносибати 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиа дар мавзӯи «Таълими кӯтоҳмуддати забонҳо ва таъсири он ба истилоҳоти забони давлатӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Дар нишасти илмӣ афсарону устодон, донишҷӯён ва намояндагони ҳарбии артишҳои ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Дания ва Британияи Кабир иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки тӯли ду моҳ донишҷӯёни англисзабон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ба ҳайси шунавандаи озоди забони форсӣ дар ҷараёни машғулиятҳо иштирок дошта, нозукиҳои зиёди ин забонро аз худ карданд. Ҳамин тавр, маърӯзаҳои илмии меҳмонон ва чанде аз дигар донишомӯзони ин боргоҳи илм доир ба роҳу усулҳои омӯзиши забони хориҷӣ ва паҳлӯҳои гуногуни забони адабии тоҷик шунида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳои илмӣ миёни намояндагони низомии хориҷи кишвар ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, пеш аз ҳама, сайқал додани донишҳои тахассусӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байналмилалӣ мебошад. 

Февраль 14, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд