Дурдонаҳои саргаҳи Кофарниҳон

Февраль 27, 2014 15:19

 Ваҳдат, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). -Соли сипаригардида  дар шаҳри Ваҳдат бинои боҳашамати «Кохи маърифат» мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар бинои мазкур дар баробари китобхона, осорхона, идораи ҳафтаномаи «Шаҳриёр»,  боз шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат  ҷойгир буда, сарвари он шоири шинохта Мирзо Файзалист.
Шӯъбаи номабурда дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 10 адад китоби хурду бузургро нашр ва дастраси хонандагон гардонд. Аз ҷумла, китоби «Дурдонаҳои саргаҳи Кофарниҳон», ки он баёзи осори адибони диёри Ваҳдат дар давраи нимаи дуюми асри  ХХ ва аввали асри ХХI -ро дар бар мегирад, нашр шуд. Дар китоб аз эҷодиёти 100 нафар қаламбадастони Ваҳдатзамин намунаҳо  оварда шудаанд. Боиси қайд аст, ки 12  нафар адиби шаҳри Ваҳдат узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Адибони номдори шаҳри Ваҳдат Мирзо Файзалӣ, Абдусаттори Раҳмон, Нуриддини Амриддин, Давлати Раҳмониён, Нурулло Норзода ва дигарон дар рушди адабиёти тоҷик ҳиссагузоранд.  

Февраль 27, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд