Фарҳанг-ҷавҳари ҳастии миллат

Февраль 25, 2014 15:14

 Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллӣ  таҳти унвони «Одоби муошират» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азим Байзоев, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, адибон Шералӣ Мӯсо, Мирзо Насриддин дар бораи одоби муошират сухан гуфтанд. 
Зикр гардид, ки имрӯз одоби муошират хеле коста шудааст ва ба ин на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ гунаҳкоранд, чунки калонсолон нисбат ба ҷавонон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Покизатарин узви инсон ин забон аст. Дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҷавонон бо муоширати бади худ фарҳанги миллатро паст мезананд.  Фарҳанги муошират ин худ зиндагӣ аст. Иштирокдорони чорабинӣ пешниҳод намуданд, ки чунин маҳфилҳои адабӣ дар барномаҳои телевизион, мактабҳои миёнаву олӣ ва муассисаҳо бештар доир шаванд ва дар мактабҳои миёна дарси одоб ҷорӣ гардад. 
 
 

Февраль 25, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд